Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари UNRCCA

10 марти 2021 дар Ашқобод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Намояндаи вежаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман доир гардид.

Ҷонибҳо перомуни масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиранда барои Осиёи Марказӣ ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро табодули андеша намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар бораи авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва раванди омодагӣ ба Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, маълумот дод.

Tajikistan Ambassador_11_03_2021


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон