Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Туркманистон

22 феврали соли 2021 дар бинои Сафорат вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода бо Сафири тозатаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Туркманистон Ирфан Аҳмед баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҳошияи мулоқот Сафири Тоҷикистон оид ба ҷараёни омодагиҳо ба нишасти навбатии СҲШ, ҳадафҳои асососи Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии узви СҲШ ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи вазоратҳо ва коршиносон шинос намуд.

IMG 3818

 

 


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон