Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани зард ва гӯшти парандаро ифтитоҳ намуданд

50900245913 2bdda8371d_c2 феврали соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки ҳар ду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни боздид аз раванди истеҳсоли маргарин ва равғани зард ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият намуда, ҳадафи муассис таъмини бозори дохилӣ бо ин ду навъи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар коргоҳи нав дар як сол дар маҷмӯъ 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мегардад, ки бо нишони молии “Субҳи заррин” дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифати сатҳи байналмилалӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ин коргоҳ аслан 10 намуди маргарин ва равғани зард аз 150 грамм то 10 кило истеҳсол ва банду баст гардида, мутахассисон тариқи воситаҳои нақлиёти махсуси яхдондор маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол медиҳанд.

Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди шири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва як қисмаш аз хориҷи мамлакат дастрас карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус равона намуда, ҳаҷми истеҳсолотро бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда мебошад.

Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Дар соли равон бо бунёди боз ду иншооти дигар парвариши чӯҷа дар ин фабрикаи парандапарварӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад.

Дар фабрикаи паррандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Соҳибкори ватанӣ баъди бунёди фабрика азм гирифт, ки истеҳсоли гӯшти парандаро ба роҳ монад. Инак, коргоҳи забҳи паранда бо фарогирии коркард ва банду баст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дорои хати технологии муосири туркӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои истеҳсол то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати паранда пурра ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳ барои қариб 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, дар як моҳ бештар аз 100 тонна ва дар 1 сол зиёда аз 1 ҳазору 200 тонна гушти паранда истеҳсол карда мешавад.

Тамоми биною иншооти махсуси соҳавӣ, аз ҷумла барои забҳ, коркард, банду баст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Дар коргоҳ барои муайян намудани сифат озмоишгоҳ низ фаъолият мекунад ва аз ҷониби мутахассисон маҳсулоти тайёр бо мошинҳои махсуси яхдондор ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад.

Оянда бо таъмини бозори дохилӣ гӯшти парҳезии паранда бо банду басти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам содирот карда хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти коргоҳи Фермаи парандапарварии “Назар” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд ва иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро дар самти саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳа ибратбахш арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ дар ин ҷо аз гӯшти паранда истеҳсоли чандин намуди маҳсулот ба роҳ монда мешавад.

Тибқи маълумоти масъулони соҳа имрӯз дар вилояти Суғд аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти зиёда аз 20-тои он махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда равона карда шудааст.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар дод ва ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид. Масалан, дар соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзоиш ёфтааст ва ин нишондод дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои аз ин ҳам бештар соҳибкорони вилояти Суғд дар оянда бо таъсиси корхонаҳои парандапарварии нав истеҳсоли гӯшту тухмро афзоиш медиҳанд.

 

http://president.tj/node/25057 


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон