Нашрияҳои Вазорат

Нашрияҳо

   Китобҳо

 

25 ҚАДАМ ДАР ПАҲНОИ

ОЛАМ  

Китоби мазкур кӯшишест бар бозгӯии нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳрезӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил, гузарест аз пайроҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар паҳнои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ, мурурест бар фаъолияти 25-солаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва умуман равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба истиқболи 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар нашр мешавад. Бахшҳои алоҳидаи он баёнгари муносибот ва ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои гуногуни ҷаҳон буда, ҳар боб инъикосгари дастовардҳои сиёсати хориҷии кишварамон дар партави ҳамкориҳои самарбор бо ҷаҳони хориҷ аст.
Китоб аз аҳамияти вижае дар заминаи маълумот оид ба сиёсати хориҷии Ҷумњурии Тоҷикистон бархурдор буда, ба таваҷҷӯҳи алоқамандони олами сиёсат ва доираи васеи хонандагон тақдим мегардад.




© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон