ПАРЛУМОН

 

ПАРЛУМОН

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти олии ҳуқуқии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон.

Парлумони Тоҷикистон аз ду палата иборат аст:

  • Палатаи боло Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ. Раиси Маҷлиси миллӣ – Маҳмадсаид Убайдуллоев.
  • Палатаи поён —Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ. Раиси Маҷлиси намояндагон – Шукурҷон Зуҳуров.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 96 намояндаи ҳарду палата иборат аст (Маҷлиси намояндагон 63 вакил ва Маҷлиси миллӣ 33 намоянда). Ҳар як собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои доимии Маҷлиси миллӣ мебошад, агар аз он боихтиёри худ даст накашад.

Дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли 2015 намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон вориди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Дар ин интихобот 90,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил дод. Дар интихоботи мазкур аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 43 намоянда, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон – 2 намоянда, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон – 3 намоянда ва Ҳизби Аграрии Тоҷикистон – 5 намоянда, Ҳизби Демократи Точикистон – 1 намоянда,  Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон – 1 намоянда соҳиби курсиҳои Маҷлиси намояндагон шуданд.

Маҷлиси Олӣ дар ҳолати розигии 2/3 қисми вакилони Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Маҷлиси миллӣ ҳуқуқдорад, ки худро барҳам диҳад.

Маҷлиси Олӣ дар ҳолати фавқуллода ва ё ҳарбӣ ҳуқуқи барҳам додани худро надорад.


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон