Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

ШАРИФЗОДА Фаррух Ҳомиддин

аз 3 январи соли 2017 дар вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 16.12.1974 Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик Таҳсилот: олӣ
Соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2000 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҳии Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Ихтисос: «ҳуқуқшинос», «мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ»
Сафар ба давлатҳои хориҷӣ: сафарҳои хизматӣ
Кадом забонхои хориҷиро медонад: русӣ , англисӣ, туркӣ
Вакили халқ: не
Мукофотҳои давлатӣ: не
Рутбаи дипломатӣ: Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I (15.04.2015)
Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби 5 фарзанд

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
Солҳои 1991-1997 - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1992-1995 - Хизмат дар мақомотҳои судии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1995-1997 - Хизмат дар мақомотҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-1998 - муовини сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
Солҳои 1998-2000 - шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, ш.Москва;
Солҳои 2000-2005 - котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ш.Москва;
Солҳои 2005-2007 - котиби якуми Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ш.Москва;
5.01-29.01.2007 - мушовири Раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
29.01.2007-30.06.2008 - муовини сардори Раёсат-мудири шӯъбаи иттилооти махфии Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
30.06.2008-12.10.2010 - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбурги Федератсияи Россия;
12.10.2010-30.06.2016 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҷурии Туркия;
Аз 03.01.2017 то ҳол - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон.


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон