Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабри соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Ашқободи Туркманистон кормандони Сафорат дар якҷояги бо намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаќиман ба тариќи телевизион тамошо карданд.

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои соли 2019 муайян намуд ва ҳамзамон дар иртибот солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд.

Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Иштирокчиёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, ин дастурамал раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он дар самти рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд бо кишвари иқомат тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид.

20181226 100310

20181226 1206345555555555555


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон