music website

Cироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

vazir17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1981-1986 - донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина;
Солҳои 1986-1992 - Муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Солҳои 1992-1995 - муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Солҳои 1995-1996 - муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Солҳои 1996-1997 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;
Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошкент;
Соли 2002 - Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм кардааст;
Солҳои 2002-2005 - раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;
Солҳои 2004-2005 - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Апрели 2004 то ноябри 2005 - Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;
Солҳои 2005-2013 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;
Солҳои 2011-2013 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;
Аз 29.11.13 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 


© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон