08.12.2019 04:45 |   14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи ....
















vazir2
Cироҷиддин Муҳриддин
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Aslov S.M.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1981-1986 - донишҷӯи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина;

Солҳои 1986-1992 - Муҳандис, сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро- логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1992-1995 - муовини сардор, сардори Раёсати Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1995-1996 - муовини сардори Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 1996-1997 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал, шаҳри Тошкент;

Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, ш.Тошкент;

Соли 2002 - Донишгоҳи давлатии иқтисодии ш.Тошкандро хатм  кардааст;

Солҳои 2002-2005 - раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2005 - муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Апрели 2004 то ноябри 2005 - Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

Солҳои 2005-2013 - Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Ню-Йорк;

Солҳои 2011-2013 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба бо қароргоҳ дар шаҳри Ню-Йорк;

Аз 29.11.13 - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

safirДӯстони муҳтарам!
Ба сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хуш омадед!
Дар бахшҳои сомонаи мазкур шумо имкон доред, ки маълумоти муфассалро дар бораи Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии он, ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, фаъолияти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, аз ҷумла хизматрасонии бахши консулии Намояндагии дипломатӣ, пайдо намоед.
Дар ин сомона шумо метавонед аз саҳифаҳои иҷтимоии Сафорат дар Twitter ва Facebook низ истифода баред.
Бо камоли эҳтиром,

Фаррух Ҳомиддин Шарифзода
Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

© 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон